Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстиро бо муҳофизати Ватан тавъам дониста, фармудаанд, ки «Вақте мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва тамомияти арзиши кишварро дар назар дорем, имрӯз тоҷики ватандӯст, аз хурд то бузург, афзудан ба дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо карда, тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.
Муассисаи давлатии таълимии ‹‹Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ›› бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 28.07.2009, №440 ҳамчун муассисаи таълимии зинаи миёнаи касбӣ дар заминаи собиқ Омўзишгоҳи омўзгории ноҳияи Рўдакӣ ва Омўзишгоҳи касбии-техникии №49-и ноҳияи Рўдакӣ ташкил ёфтааст.
Муассиси Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ ба номгўи ташкилоту муассисаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, мақоми идоравии он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оинномаи муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ» бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумњурии Тоҷикистон аз 25.05.2018, таҳти №1979 тасдиқ карда шудааст, ки он аз 9 боб ва 110 модда иборат аст. Коллеҷи техникию омўзгории ноҳияи Рўдакӣ дар асоси сохтори тасдиқшуда амал мекунад. Сохтори коллеҷ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тољикистон аз 18.01.2018, № 163 тасдиқ гардидааст. Суроғаи электронӣ (Е-mail): Kto.n.Rudaki@mail.ru.