Sidebar Menu

БАХШИ ИЛМ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бахши илм ва робитаҳои хориҷии муассиса фаъолияти илмию байналмилалии худро тибқи банди 7 Оинномаи Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ва нақшаҳои кории кормандони бахш ба роҳ монда, дар соли 2021 корҳои мушаххасро оид ба назорати вазъи иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи илм, баргузории ҳамоишу конфронс ва семинару машваратҳо, таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва инфиродии кафедраҳо, ҷараёни омодагӣ ба таҳияи корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм, тақвияти фаъолияти китобхонаи коллеҷ ва тарғибу ташвиқи китобхонӣ ва ғайра ба анҷом расонид.


Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-тақозои замон”

Бо мақсади иҷрои фармоиши директори муассиса аз 28 декабри соли 2020, №255 “Дар бораи иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2020, №2214 “Дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040 ва ҷиҳати иҷрои банди 17 Нақшаи чорабиниҳои марбути Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2020-2025 фармоиши директори коллеҷ аз санаи 5 марти соли 2021, №12 “Дар бораи баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-тақозои замон” ба имзо расид.

Тибқи фармоиши мазкур санаи баргузории конференсия 18 март таъин гардида, мутасаддиён муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талабот ташкил ва баргузор намудани конференсия тадбирҳои мушаххас андешида, маърӯзаю мақолаҳо ва дигар маводи конференсия, ҳамчунин шиору овезаҳо ва ғайраро дар муҳлатҳои муқарраршуда омода намоянд. Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки васеи олимону омӯзгорон, кормандон ва меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоту идораҳои марбутаи ноҳияи Рӯдакӣ дар санаи 18 марти соли 2021 доир гардид.

Он рӯз Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ фазои идона гирифта, бо шиору овезаҳои бахшида ба конференсия оро ёфта буд. Тибқи барномаи конференсияи мазкур нахуст, китобхонаи муассиса, ки тайи чанд моҳи охир бо ташаббуси бевоситаи роҳбари муассиса, номзади илмҳои филологӣ Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой баъди таъмиру таҷдид ба як китобхонаи замонавӣ мубаддал гардида буд, ботантана ифтитоҳ гардид. Баъди маросими ботантана ифтитоҳ гардидани китобхона бо иштироки меҳмонону намояндагони парлумони кишвар, вазорату идораҳои мухталиф бахши асосии конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар толори Шӯрои олимони муассисаи таълимӣ шурӯъ гардид. Конференсияи илмӣ-назариявиро директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Ҳусейнзода Гулхумор Дадобой расман ифтитоҳ намуда, ҳозиринро барои ташриф оварданашон ба ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ хайрамақдам гуфт. Њамзамон бо сухани шодбошӣ дар назди иштирокчиёни конференсияи илмӣ-назариявӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва Дӯстмуродзода Сурайё, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳимзода Фаридун баромад карданд.

Бахши асосии конференсияи илмӣ-назариявиро директори муассиса, номзади илмиҳои филология Ҳусеёнзода Гулхумор Дадобой бо маърӯза дар мавзӯи “Ҳадафи ташаббусҳои пешвои миллат- ояндаи дурахшони кишвар аст” ҳусни оғоз бахшиданд. Дар аснои суханронӣ қайд гардид, ки воқеан, иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат дар замоне, ки Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ гомҳои устувор гузошта истодааст, хеле мақсаднок ва боварибахш ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад.

Ҳамзамон дар бахши асосии конференсия дар мавзӯъҳои “Пиряхҳои Тоҷикистон-манбаи оби тоза” – М. Атоев, номзади илмҳои биология, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, “Рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар-ҳадафи асосии ташаббусҳои Пешвои миллат” - Шарифзода Раҳмонқул, профессор, ҳуқуқшиноси Коллељи техникию омўзгории ноњияи Рўдакї, “Сањми Закариёи Розї дар пешрафти илмњои табиатшиносї” - Эҳсон Мирзоев, мудири кафедраи иќтисодиёт ва ташкили истењсолоти МДТ Коллељи кўњии ба номи С.Юсупова, “Зарурат ва аҳамияти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасон аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ” - Музаффар Абдуалиев, омӯзгори калони Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, “Таърих ва дурнамои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” - Шерафкан Қамаров, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии ҶДММ Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон маърӯза намуда, дар атрофи он баромадҳо мубодилаи афкори судманд баргузор гардид.

Баъд аз анҷоми бахши асосии конференсия меҳмонону иштирокчиён дар саҳни кушод аз дастовардҳо ва комёбиҳои омӯзгорону кормандони Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд.